​Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ: “Ғалабаи оламшумул-омили таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати халқҳо”

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Ғалабаи оламшумул-омили таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати халқҳо” конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид. Ташаббуси мазкур ба муносибати 80 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба роҳ монда шуд.

Конференсияро муовини ректор оид ба таълим дотсент Набизода Мирзотоҳир ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки таърих шоҳид аст, ки Ғалабаи оламшумул дунёро дигаргун сохт ва барои ба даст овардани он саҳми фаразандони банангу номуси Тоҷикистон хеле бузург ва шоистаи таҳсин аст. Мардуми Тоҷикистон ба хотираи корнамоиҳои аҷ-додони худ, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои озодӣ ва истиқлолияти Ватан ҷон нисор кардаанд, арҷ мегузоранд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон ба хотири абади-гардонии заҳматҳои қаҳрамонон маъракаҳои ватандӯстӣ ва барномаҳои тарбиявӣ баргузор мегарданд. Собиқадорон ва меҳнаткашони ақибгоҳ аз ҷониби давлат пайваста дастгирӣ карда шуда, насли наврас дар руҳияи эҳтиром нисбат ба таърих ва корнамоиҳои ниёгон тарбия карда мешавад.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти ин Ғалабаи оламшумул ва донистани ҳаёти ибратбахши насли зафармандон – падарону бобоёни қаҳрамони мо чунин таъкид менамоянд: “Даврони истиқлол аз мо тақозо менамояд, ки ҳаёту рӯзгори қаҳрамонону диловаронро омӯзем ва ба дигарон низ омӯзонем. Зеро ҷоннисории онҳо дар майдони набард барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат, ватан-дорию ватанпарастӣ, наму-наи ҷасорат ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буда, барои бунёди ҷомеаи навини мо ва тарбияи насли созанда дар руҳияи ватанхоҳӣ мусоидат мекунад” – афзуд муовини ректор оид ба таълим дотсент Набизода Мирзотоҳир.

Гуфта шуд, ки яке аз омилҳои асосии Ғалаба ин дӯстӣ ва ваҳдати тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дар ин ҷанги мудҳиш беш аз 300 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон сафарбар шуда, зиёда аз 92 ҳазор нафар барои бахту саодати халқ ҷони худро нисор карданд. Фиристодагони Тоҷикистон наму-наҳои олии фидокорӣ, шуҷоату далерӣ, матонат нишон доданд, ки боиси ифтихор ва арҷгузории наслҳои имрӯзу фардо мебошанд. Корнамоиҳои зафармандони ватан ҳеч гоҳ аз хотири насли имрӯзу оянда фаромӯш нахоҳад шуд. Дар ин даврони пуртаҳаввулот ва зуд-зуд тағйирёбанда кору пайкори қаҳрамонони ҷанг ва меҳнати шуҷоатноки мардум дар ақибгоҳ мактаби матонату садоқат, шуҷоату ватандорӣ барои ҷавонони имрӯз ба ҳисоб меравад.

Дар идома аз рӯи барномаи конференсия Романова Наталя, номзади илмҳои таърих, муовини директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Россия сухани табрикотӣ ироа намуда, китоби “Шарқ ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ” муаррифӣ намуд.

Дар мавзуи “Насли зафармандон: корнамоии фиристодагони Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар майдони набард ва меҳнат” Шавкат Шарипов, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, перомуни мавзуи “Қирғизистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” Малабаев Саламат, дотсенти Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи Исоқ Раззоқов, оид ба “Саҳми занони тоҷик дар таъмини Ғалаба аз болои фашизм” Рофиева Насринисо муаллимаи калони кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маърӯзаҳо шунида шуд.

Зикр гардид, ки санаи муқаддаси Ғалаба натанҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои насли наврас низ гиромиву пурарзиш ҳисобида мешавад, зеро он рамзи ватандӯстию фидокорӣ шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан аз асорату бадбахтӣ эмин доштани халқу миллатҳои собиқ Шӯравӣ мебошад. Пос доштани хотираи фарзан-дони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ҷонбозиҳо намудаанд ва собиқа-дорони меҳнат дар ақибгоҳ заҳмат кашида рӯзи Ғалабаро наздик намуданд, вазифаи муқаддас ва қарзи инсониву виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бо музокира миёни иштирокчиён ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ