​Конференсия: Роҳ ва усули кор бо мафҳумҳои таърихӣ

Дар кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ конференсияи илмӣ – анъанавии донишҷӯён бахшида ба “35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “30- солагии Иҷлосияи XVl Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, “20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, “90-солагии муассисаи давлатии таълимии“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.

Мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқдотсент Олимҷон Маҳмудов дар асоси барномаи конференсияфаъолияти кори конференсияро оғоз намуд.

Сипас донишҷӯён таҳти роҳбарии устодон дар мавзуҳои“Истифодаи аёниятҳо дар дарси таърих”, “Роҳ ва усули кор бо мафҳумҳои таърихӣ дар дарси таърихи халқи тоҷик”, “Мавқеи одоби педагогии омӯзгор дар самаранокии раванди таълиму тарбия”, “Методи фаъоли таълим дар омӯзонидани фанни таърихи халқи тоҷик”, “Истифодаи схема, ҷадвал, диаграмма дар омӯзонидани таърихи асрҳои миёна, “Воситаҳои баҳогузории муосир дар таълими таърих ва ҳуқуқ”, “Роҳҳои ташкили дарси салоҳиятнокӣ аз фанни ҳуқуқ ва аҳамияти он”, “Роҳу усулҳои таълимимавзӯи “Зан дар ҷомеа ва оила” дар синфи 11”, “Ҳуҷҷатҳои асосии роҳбари синф дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи миёна” баромад намуданд.

Пас аз баромадҳо миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон суолу ҷавоб ҷараён гирифта, паҳлӯҳои мубрами мавзуъҳо мавриди таҳлилва муҳокима қарор дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ