КОНФЕРЕНСИЯ: «НАҚШИ ИЛМ ДАР РУШДИ ПЕДАГОГИКАИ ТОҶИК ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ»

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-назариявии «Нақши илм дар рушди педагогикаи тоҷик дар даврони Истиқлол» бо иштироки олимону мутахассисон аз пойтахт ва дигар манотиқи кишвар баргузор шуд. Ҳамоиш ба гиромидошти 80-солагии олими маъруф ва педагог Абдураҳмон Қаюмов бахшида шуд.

Дар суханронии ифтитоҳии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин таъкид шуд, ки дар ҳар як Паём, бахусус Паёми навбатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф дахл карда, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо нишон медиҳанд. Ин дастурҳо вазифаи ҳар як омӯзгор, олим ва корманди соҳаи маорифро дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии кишвар равшан месозанд.

Ҳамзамон ректори Донишгоҳ қайд намуд, ки мисоли устод Абдураҳмон Қаюмов, ки тамоми умри худро ба тарбияи насли соҳибмаърифат ва пешрафти илм бахшидааст, нишон медиҳад, ки фидокорӣ ва садоқат ба касб метавонад ба ташаккули ҷомеаи донишманд ва мустақил саҳмгузор бошад.

Муовини раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло дар суханронии худ ба нақши илм ва маориф дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таваҷҷуҳ намуда, устод Абдураҳмон Қаюмовро ҳамчун яке аз чеҳраҳои маъруфи илми педагогикаи тоҷик ном бурд. Ӯ зикр намуд, ки таҳқиқоти устод А.Қаюмов то ҳол аҳаммияти илмӣ ва амалии худро нигоҳ дошта, дар замони муосир низ ҳамчун дастури амал барои омӯзгорон, волидайн ва мутахассисони соҳаи педагогика хизмат мекунанд. Ин масъала махсус дар замоне муҳим аст, ки ҷаҳони муосир босуръат ба сӯи ҷомеаи иттилоотӣ ва рақамӣ ҳаракат мекунад ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба як қисми ҷудонопазири ҳаёти наврасон табдил ёфтаанд.

Дар ҳамоиш олимон, профессор Абдусаттор Абдуқодиров дар мавзуи «Абдураҳмон Қаюмов – олими пуркор ва покизарӯзгор», дотсентон Абдуҳаким Шарипов зери унвони «Технологияи иттилоотии муосир, замон, макон, воқеият» ва Исмоил Пӯлодов дар мавзуи «Нақши Абдураҳмон Қаюмов дар рушди тафаккур ва ҷаҳонбинии наврасон» маъруза намуданд. Баромадҳо ва таҳлили онҳо имконият дод то иштирокчиён нақши устод А.Қаюмовро дар рушди илми педагогика ва тарбияи насли оянда бештар дарк кунанд.

Дар қисмати ёддоштҳо наздикону пайвандон, ҳамкорон ва шогирдони устод Қаюмов суханронӣ намуда, дар бораи зиндагиномаву корнома ва саҳми пурмаҳсули ӯ дар илму тарбия ҳарф заданд. Ин қисмат ба иштирокчиён имкон дод, ки ҳаёти шахсӣ ва мероси илмию педагогии устодро аз наздик бишносанд ва аҳаммияти фаъолияти ӯро дар рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон қадр намоянд.

Дар ҷамъбасти конференсия таъкид гардид, ки мероси илмӣ ва тарбиявии устод Абдураҳмон Қаюмов барои наслҳои оянда роҳнамои пурқимат буда, барои рушди устувори соҳаи маориф дар кишвар заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ