Конференсия: Инсон ва коинот

Бо ташаббуси факултети физикаю техникаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар планетария ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ конференсияи илми-амалӣ баргузор гардид.

Директори планетария Муҳитдин Қосимов ба кори конференсия ифтитоҳ бахшида, дар мавзуи “Инсон ва коинот” маърӯза намуд. Баъд, Пайрав Иброҳимов роҷеъ ба аҳамияти омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ дар шароити кунунӣ талаботи замони муосир ибрози назар намуд. Дар идома донишҷӯи курси 4-уми факултети физикаю техника Саидниссо Абдуғафурова дар мавзуи “Аввалин парвози инсон ба кайҳон” маърӯза иро намуда, бо муаррифиҳо ба мавзуъ рӯшанӣ андохт. Ҳамзамон намоиши осмони ситоразор ва пайдоиши системаи офтобӣ намоиш дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ