​Китоб сарчашмаи саодати инсоният

Таҳти чунин унвон дар китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб бо иштироки ҳайати роҳбарияти Донишгоҳ, садорати факултету кафедраҳо ва устодону донишҷӯён чорабинии тантанавӣ баргузор гашт.

Ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом баромад намуда, ҳозиринро ба фарорасии ҷашни Истиқлол давлатӣ ва Рӯзи китоб шодбош гуфт. Сарвари Донишгоҳ бо иқтибос аз суханронии Пешвои миллат таъкид дошт, ки “барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон, инчунин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии онҳо ба хотири таъмин намудани волоияти қонун ва амнияту субот як амри зарурӣ мебошад. Дар ин раванд, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои илму донишомӯзии наврасону ҷавонон вазифаи муҳимтарин шуморида мешавад”.

Гуфта шуд, ки сарчашмаи ҳама дониш ва маълумот мутолиа аст ва дар тўли ҳазорсолаҳо дар фарҳанги асили мардуми тоҷик илму маориф аз мақому манзалати бузург бархурдор буда, маҳсули ақлонии олимон ва донишмандони тоҷик дар риштаҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ ҷаҳони маърифатро тасхир карда буд. Дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ ҳамин шеваи муносибат ба илм ва аҳли илм ба шоистагӣ амалӣ мешавад. Муқаррар гардидани чандин ҷоизаҳои давлатӣ дар соҳаи илму маориф, баргузории мулоқоту вохўриҳои Пешвои миллат бо аҳли зиёи мамлакат ва тадбирҳои дигар худ гувоҳи ҳақиқати ин амр аст.

Сипас, директори китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов баромад намуда, афзуд, ки эълон гардидани Рӯзи китоб далели равшан аз ҷойгоҳу манзалати китоб ва мутолиа дар ҷомеаи кунунии мост, ки ҳамасола дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Мавсуф аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар ёдовар шуда, таъкид варзид, ки талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти китобдорӣ ва раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар идома профессор Усмонзода Аюб қайд намуд, ки дар Донишгоҳ барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати рушди илм, таъмини дастрасии устодону донишҷӯён ба китоб, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар Китобхонаи илмии донишгоҳ, тавсеаи имконият ва фароҳам овардани шароити арзанда тамоми тадбирҳо андешида мешавад.

Раёсати донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фаъолияти Китобхонаи илмӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар самти ғанӣ гардонидани фонди китобхона чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар интиҳо роҳбарияти Донишгоҳ ғолибони даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ, китоб аст” ва озмуни китобхонавиро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ