Китоб ганҷинаи дониш аст
Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултет китоби дарсии тозанашр - “Композитсия” муаррифӣ гардид.
Китоби дарсӣ дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муаллифон - Исоев Акбар, Масолиев Абдулло ва Темирова Муяссар нашр гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки “Композитсия” китоби дарсӣ буда, барои донишҷӯёни ихтисосҳои мухталифи факултети санъати тасвирӣ ва дизайн пешбинӣ шудааст ва яке аз қисмҳои фанни тахассусиро дарбар мегирад.
Китоби дарсии мазкур маълумоти муҳими композитсия вобаста ба расмкашӣ, мусаввирӣ, графика, санъати ороишӣ-амалӣ, муҷассамасозӣ оварда шуда, барои баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва ташаккули қобилияти эҷодии муҳассилони соҳаи санъати тасвириву ороишӣ-амалӣ саҳми бориз хоҳад гузошт.
Маркази иттилоот ва таҳлил