​Кафедраи назарияи иқтисодии факултети иқтисодӣ

Дар кафедраи назарияи иқтисодии факултети иқтисодӣ дар ҳошияи ҳафтаи илм таҳти унвони “Масъалаҳои назариявии рушди воридотивазкунанда” семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар рафти семинар мудири кафедра оид ба мӯҳтавои назарияи воридотивазкунӣ ва шаклҳои зоҳиргардии он сухан кард.

Дар идома дар мавзуи “Масъалаҳои назариявии рушди воридотивазкунанда” маърӯза шунида шуд.

Таъкид гардид, ки рушди воридотивазкунӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими раванди саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб ёфта, дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба муҳимияти тақвият додани фаъолият дар самти густариши истеҳсолоти воридотивазкунанда таъкид рафт.

“Барои татбиқи амалии ҳадафи таъминоти рушди иқтисодии воридотивазкунӣ дар кишвар шарҳи мафҳум ва мӯҳтавои раванди воридотивазкунӣ муҳим мебошад” – зикр шуд дар семнинар.

Бо музокира ва табодули афкор семинар анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ