​Қадршиносии устодони Донишгоҳ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд

Дирӯз зимни баргузории конференсияи XVI ҳисоботӣ интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд се нафар устодон бо сипоснома қадршиносӣ гардиданд.

Зимни маросими тантанавӣ дар арафаи таҷлили 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба як қатор фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят Сипоснома тақдим намуданд.

Дар доираи ин иқдом аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба дотсентон Рустам Юлдошев, Абдуҳаким Шарипов Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба профессор Меҳринисо Абдуллоева Сипосномаи Раиси вилояти Суғд барои фаъолияти пурсамар, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи ғояҳои созанда, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ тақдим карда шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ин иқдом дар партави ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ роҳандозӣ гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни тақдими сипосномаҳо таъкид намуданд, ки дар сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барӯманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад.

Раиси вилоят гирандагони сипосномаҳоро табрик гуфта, изҳори бовар намуд, ки фаъолон минбаъд низ барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишу нерӯи худро равона карда, ҷиҳати расидан ба дастовардҳои нодир ва пешрафти Тоҷикистони азиз содиқона хидмат мекунанд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваста аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят бархурдор буда, ҷиҳати қадршиносии навбатӣ сипосмандӣ изҳор мекунанд.

Устодон – профессор Меҳринисо Абдуллоева дотсентон Рустам Юлдошев ва Абдуҳаким Шариповро ҷиҳати қадршиносӣ гардиданашон бо Сипосномаи Раиси вилояти Суғд ва Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар самти иҷрои рисолати пурмасъул музаффариятҳои тоза таманно дорем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ