​Қадршиносии устодон бо унвону туҳфаҳои хотиравӣ

Дар арафаи таҷлил аз Наврӯзи байналмилал як қатор устодони факултети муҳандисӣ-омузгорӣ бо унвони фахрӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд. Аз ҷумла, Неъматзода Муқаддас Ҳабиб - дотсент, декани факултет бо Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Юнусова Зебо Умаровна- муаллимаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек қадр шуданд.

Устодонро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, барояшон дар идомаи фаъолият дастовардҳои бештар таманно дорем.

Маркази иттилоот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ