Қадршиносии устодон бо унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд
Дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд ду устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо унвон Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд қадришиносӣ гардониданд.
Устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ Матлуба Азимова ва Файзуллоев Муҳиддинҷон, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология барои фаъолияти назаррас ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳибкасб, тайёр кардани кадрҳои илмии педагогӣ, таблиғи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ширкати фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, анҷоми корҳои босамари илмӣ-тадқиқотӣ ва таълифи рисолаҳои пурмӯҳтаво бо унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» қадр гаштанд.

Дар чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ, ки бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд доир шуд, аз ҷониби раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба устодони Донишгоҳ унвони ифтихории Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Матлуба Азимова ва дотсент Муҳиддинҷон Файзуллоев, ки ба гирифтани унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» шарафёб гардиданд табрик гуфта, барояшон тавфиқи пайваста ва дастовардҳои тоза таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил