​​Қадршиносии устодон бо Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд

Санаи 4-уми сентябри соли 2023 ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони фаъолон барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Маросими тақдими Ифтихорномаи мазкур бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид.

Дар доираи ин иқдом ба ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Усмонзода Аюб Ислом ва устодони донишгоҳ, Гулнора Узоқова – номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори маркази тестии донишгоҳ, Дӯстматова Шаҳло - дотсенти кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии факултети филологияи рус, Умаров Насимҷон – мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физика ва техника ва Зоидова Тӯҳфа – муаллими калони кафедраи андози факултети иқтисодӣ Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.

Таъкид рафт, ки ин тадбир дар партави сиёсати созанда ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барӯманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки фаъолон минбаъд низ кӯшишу ғайрат ва донишу таҷрибаашонро барои ободии кишвар, пойдории суботу ҳамбастагӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амалишавии ҳадафҳои бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат равона менамоянд.

P.s. Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳайати устодоне, ки ба гирифтани Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шарафёб гардиданд, табрик гуфта, барояшон тавфиқи пайваста ва дастовардҳои тоза таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ