​ҚАДРШИНОСИИ УСТОДОН БАРОИ ДАСТОВАРДҲОИ МЕҲНАТӢ

Имрӯз аз ҷониби Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дотсент Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ як қатор устодону кормандони донишгоҳ барои ноил шудан ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, тарғибу ташвиқ ва ҷалби васеи довталабон ба ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ бо сипоснома қадр шуданд.

Ректори донишгоҳ дотсент Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин устодон ва кормандоне, ки бо сипосномаҳо қадр шуданд, табрик намуда, дар иҷрои рисолати касбӣ барору пирӯзӣ орзу намуд. Изҳори умед кард, ки минбаъд низ устодони донишгоҳ бо дастовардҳои тоза ва наҷиб барои баланд бардоштани нуфуз ва таъмини рушди донишгоҳ саҳми муассир мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ