Қадршиносии устоди донишгоҳ аз ҷониби Президенти Русия
Мудири кафедраи молия ва андози Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Сайдмуродхон Валиевич Мамадов, ки иштирокчии муҳорибаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ бо фармони Президенти Федератсияи Россия В.В.Путин таҳти рақами №277 аз 13 июни 2019 № А0016441 аз ҷониби намояндаи Сафоратхонаи ФР дар Тоҷикистон Японов Н.Д. бо медали ҷашнии “75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945” сарфароз гардонида шуд.
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сайдмуродхон Мамадовро ҷиҳати соҳиб қадршиносӣ гардиданашон бо медали ҷашнии “75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945” табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон тавфиқи пайваста ва дастовардҳои тозаро таманно дорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил