​ҚАДРШИНОСИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО МЕДАЛИ 30-СОЛАГИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Дар доираи баргузории Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими амният ва суботи миллӣ» ба ифтихори таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор раисони кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ходимони ҳизбию давлатӣ ва аъзои фаъоли ҳизб бо Медали 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сипосномаҳо супорида шуд.

Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин бо Медали ҷашнии 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Гуфта мешавад, ки Медали ҷашнӣ бо мақсади татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қадршиносии заҳматҳои назарраси фаъолони ҳизб супорида мешавад.

Устодону донишҷӯён сарфароз гардидани ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин бо Медали 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи роҳбарӣ ва илмиву таълимӣ барору комёбӣ таманно менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ