ҚАДРШИНОСИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин донишҷӯёне, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки иштироки донишҷӯён дар чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ нишонаи таваҷҷуҳи хоса ба рушди илм, баланд бардоштани сатҳи дониш ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мебошад. Ректори Донишгоҳ аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва ҷавонони соҳибистеъдод ёдовар шуда, иброз дошт, ки донишҷӯёни Донишгоҳ бо донишу маҳорати баланд метавонанд нуфузи муассисаро дар сатҳи ҷумҳурӣ боз ҳам боло баранд.
Ёдовар бояд шуд, ки Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он дарёфт ва дастгирии ҷавонони болаёқат, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён мебошад. Дар маросими ҷамъбасти озмун Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро иштирок ва суханронӣ намуда, ғолибонро барои натиҷаҳои назаррас бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд.
Дар озмуни мазкур аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 15 нафар донишҷӯ аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, сиёсатшиносӣ, педагогикаи умумӣ, назарияи иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, математика, физика, химия, информатика, биология-экология ва географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография иштирок намуда, натиҷаҳои шоиста ба даст оварданд.
Аз ҷумла, Разоқов Абдуҳаким, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси физика-математика, аз рӯйи фанни физика сазовори ҷойи якум гардид. Ҳамчунин, Разоқов Шоҳмурод, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси биология-химия аз рӯйи ихтисоси биология ва экология ҷойи дуюм, Ҳасанова Шоира, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик ҷойи дуюм, Олимова Фараҳноз, донишҷӯи соли дуюми ихтисоси математика аз рӯйи ихтисоси математика ҷойи сеюм ва Ҷабборова Ирода Иброҳимовна, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ аз фанни ҳуқуқшиносӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Ректори Донишгоҳ зимни суҳбат бо ғолибон аз саҳми омӯзгорон дар омодасозии донишҷӯён низ ёдовар шуда, таъкид кард, ки чунин пирӯзиҳо самараи заҳмати муштараки устодону шогирдон мебошад. Ба ғолибон барои идомаи фаъолият дар роҳи илму дониш ва фатҳи қуллаҳои нави илмӣ барору комёбӣ таманно карда шуд.
Маркази иттилоот