Қабули шаҳрвандон: муроҷиатҳо баррасӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳар ҳафта рӯзи шанбе рӯзи қабули шаҳрвандон доир мегардад. Ин иқдом имрӯз низ ба роҳ монда шуда, дар доираи он аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода ва муовини ректор оид ба таълим профессор Абдуллоева Меҳриниссо муроҷиати як қатор шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки қабули шаҳрвандон дар донишгоҳ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” мунтазам роҳандозӣ гардида, масъулин дар доираи салоҳият ва ваколати худ ба мушкилоти муроҷиаткунандагон расидагӣ мекунанд.
Ин навбат низ дар доираи рӯзи қабул як қатор масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тамдиди муҳлати шартномаи меҳнатӣ, пардохти маблағи таҳсил, озод ва ё кам намудани маблағи таҳсил, истиқомат дар хобгоҳ, ба ҷои кор таъмин намудан, интиқолу барқарор аз мавзуъҳои асосии муроҷиати шаҳрвандон буданд.
Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода ба муроҷиатҳо расидагӣ намуда, масъулинро ҷиҳати ҳалли мушкилот ва таъмини дастгирии муроҷиаткунандагон муваззаф намуд.
Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба масъалаи баррасии муроҷиати шаҳрвандон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди корбарӣ қарор мегирад.
Маркази иттилоот ва таҳлил