Ёде аз Абдулманнон Насриддин

Нишасти 177-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бахшида ба фаъолияти илмиву омӯзгории донишманди шодравон Абдулманнон Насриддин дар факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо ширкати дӯстону ҳамкорон, шогирдону ихлосмандон ҷараён гирифт.

Дар ибтидо адабиётшинос Саидумрон Саидов ҳозиринро бо китобҳои тозанашр ошно кард, риштаи суханро ба намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, адабиётшиноси маъруф Тоҷибой Султонзода вогузошт, ки номбурда дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абдулманнони Насриддин нақл карда, гуфт, ки мактаби устод Насриддинов мактаби одамият ва илми асил буд, ки суннат ва анъанаҳои онро мо, шогирдон бояд идома бахшем.

Муовини раиси КИҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон баромад карда гуфт, ки муқаррар намудани ҷоизаҳо ба номи донишмандон ва қаламкашони асил, аз ҷумла ҷоизаи Абдуманнон Насриддин дар риштаи адабиёт дар КИҲХДТ ифодагари эҳтироми ҳизб ба аҳли илму адаб мебошад.

Дар маърӯзаи Субҳони Аъзамзод, номзади илмҳои филология, мудири кафедраи адабиёти муосири ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки ба масоили “Нақши Абдулманнон Насриддин дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ” ихтисос дода шуда буд, ҷанбаи фаъолияти муҳаққиқ аз ҷиҳати нигориши мақола баррасӣ гашт. Зикри ин нукта рафт, ки “номи Абдулманнон Насриддинов дар арсаи адабиётшиносӣ ва матбуоти миллии тоҷик бештар аз миёнаҳои солҳои 80-ум, хоса дар давраи дигаргуниҳои давраи бозсозӣ боз ҳам бештар сари забонҳо қарор гирифтааст. Пайванди Абдулманнон Насриддинов бо ҳалқаи равшангарӣ ва раванди худшиносиҳои милливу маънавии ин давра ва нашри мақолоти арзишманди ӯ дар заминаи фарҳангу адаби тоҷик ин маҳбубиятро бештар кард. Дар баробари пардохтан ба мавзӯи таҳқиқ дар гузориши матолиби муҳими марбут ба худсозӣ, худшиносӣ ва маънавиятгароӣ дар ҷомеаи тоҷик саҳим шуданд ва дар ин самт кам кам ҷомеият пайдо карданд. Мақолаҳои муҳимтарини Абдулманнон Насриддинов оид ба умдатарин масъалаҳои маънавиятгароӣ, таълими адабиёт дар макотиби оливу миёна ва куллан шеваҳои баҳрамандии замона аз адабиёти гузаштаву имруза, масъалаҳои забони миллӣ номи ӯро дар радифи зиёиёни номии ин давра қарор медиҳад. Алоқамандии муаллим бо мавзӯи шарҳнависӣ барои дар ҳалқаи зиёиёни тоҷик эътироф шудани эшон низ мададрасон будааст. Насриддинов дар ин радиф бо ҷусторҳои донишманди номии тоҷик Муҳаммадҷони Шакурӣ ва дигар зиёиён ҳамоҳанг буданд.” Субҳони Аъзамзод мақолаҳои илмии Абдуманнон Насриддинро аз назари мавзӯъ ва мундариҷа дастабандӣ намуда, моҳияти онҳоро дар такмили таърихи адабиёт ва нақду сухансанҷии тоҷик беназир арзёбӣ намуд.

Нақлҳои ибратбахши донишманди маъруфи тоҷик Мирзо Шукурзода аз таърихи дӯстиву ҳамкориҳои хеш бо шодравон Абдулманнон Насриддин писанди ҳозирин гардид. Ӯ силсилаи китобҳои навашро ба китобхонаи “Ганҷи сухан” ҳадя намуд.

Дӯстону ҳамкорон ва шогирдони устод Абдулманнони Насриддин олимонуадибон, аз зумраи Усмонҷон Ғаффоров, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, Шарифҷон Тоҷибоев, Нуралӣ Нурзод, Додохон Эгамзод, Мирзоҳайдар Умарзод, Баҳром Раҳматзод бо баёни хотираҳо ва қироати шеърҳои нав хотири ҳозиринро шод намуданд.

Дар поёни маҳфил ифтихорномаҳо ба донишҷӯёни фаъол ки дар маҳфилҳои илмӣ пайваста ширкат меварзанд ва баромад менамоянд, супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ