Ҷамшед Ҷӯразода: Соли 2020 - соли қадамҳои устувор ҷиҳати расидан ба ормонҳои миллӣ бошад!

Устодони арҷманд ва донишҷӯёни азиз!

Шуморо бо фарорасии Соли нави милодӣ муборакбод гуфта, дар соли 2020 бароятон саодати абад, некномиву тандурустӣ ва комёбиву тавфиқи ҳамешагиро таманно дорам.

Соли 2019 таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, ҳамчун соли пурфайз ва ободиву созандагиҳо дар саҳфаи давлатдории миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд, ки боиси ифтихори ватандории ҳар сокини кишвари азизамон мебошад. Мардуми шарифи мамлакат дар соли сипаригашта, бо меҳнати бунёдкорона дар рушду пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти кишвар нақши муассир гузоштанд. Хоса соли 2019-ум барои мардуми кишвар соли нек ва бобаракату пурфайз буд ва дар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчун маркази муҳими тарбиявии омӯзгорони ҷавон, соҳибфарҳанг, қавииродаву кордондар кишвар эътироф шуда, барои омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори умумиҷаҳонии меҳнат рақобатпазир нақши сазовор гузошта меояд. Айни ҳол дар донишгоҳ 800 нафар омӯзгори штатӣ, аз ҷумла 47 доктори илм, профессор, 354 номзади илм фаъолият менамоянд, ки 50% теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд. Аз теъдоди умумии ҳайати кадрии устодон 465 нафар ё 61,8%-и онҳо занон ва 31 нафар ё 7,8% ҷавонони соҳибунвони то 35 сола ташкил медиҳанд.

Лозим ба зикр аст, ки дар соли 2019 бо назардошти дастовардҳои муҳими илмиву эҷодӣ устодонидонишгоҳ бо ҷоизаҳо ва мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 3 нафар Медали хидмати шоиста, 1 нафар бо Ордени шараф дараҷаи II, 2 нафар шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд (2018-2019), 1 нафар бо Ҷоизаи адабии ба номи Раҳми Ҷалил, 1 нафар Ҷоизаи байналмилалии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои нашри китоб (2019) ва беш аз 10 нафар бо унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд. Илова бар ин, дар соли 2019 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи илми тоҷик беш аз 50 озмуну викторина, аз ҷумлаи “Магистранти сол”, “Докторанти сол”, “Олими ҷавони сол”, “Олими сол” аз рӯйи самти илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ бо назардошти фаъолияти илмии омӯзгорон ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 3500 нафар ширкат намуданд ва ғолибон қадршиносӣ шуданд.

Ҳоло дар донишгоҳ 7 Шӯроҳои диссертатсионӣ аз рӯи 16 ихтисос фаъолият мебарад. Дар соли 2019 5 рисолаи докторӣ ва 30 рисолаи номзадӣ бо муваффақият ба дифоъ расидаанд.

Мушарраф гардидани дастаи варзишгарон ба ҷойи аввал аз рӯи 7 намуди варзишӣ бо гирифтани 41 медали тилло, 19 нуқра ва 23 биринҷӣ дар Спартакиадаи донишҷӯёни вилояти Суғд, иштироки беш аз 50 донишҷӯ дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ ва ба даст овардани 9 медали тилло, 22 нуқра ва 14 биринҷӣ байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи дастовардҳои варзишии ҷавонони донишгоҳамон ба ҳисоб меравад.

Дар соли 2019 докторантон, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳӣ фаъолона иштирок намуда, ба ҷойҳои сазовор ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри Душанбе) 4 ҷойи намоён, дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» 7 ҷойи намоён ва дар Олимпиадаи байналхалқии Донишгоҳи муштараки илмҳои математикии Ҷумҳуриҳои Белорусияву Русия як ҷойи намоёнро ишғол карданд.

Лозим ба зикр аст, ки беш аз 500 донишҷӯи донишгоҳ дар давраҳои мухталифи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ширкати фаъолона дошта, дар даври ниҳоӣ сазовори 1 ҷойи аввал ва 3 Ифтихорнома гардиданд, ки ин аз меҳнати софдилонаи устодон ва донишандӯзии донишҷӯёни донишгоҳ дарак медиҳад.

Ҳоло 2 гирандаи стипендаи президентӣ, 36 гирандаи стипендияи Раиси вилоят, 79 аспирант,58 магистрант ва 2273 донишҷӯ, дар маҷмӯъ, 2389 гирандаи стипендияи донишгоҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи ин аз дастовардҳои соли 2019 шаҳодат медиҳад.

Устодон ва донишҷӯёни азиз!

Бо умеду орзуҳои нек хоҳони онем, ки бо шарофати пойдории ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ барои Ватани азизамон – Тоҷикистон соли 2020 милодӣ - соли фатҳу дастовардҳои тоза, соли бофайзу нек ва соли қадамҳои устувор ҷиҳати расидан ба ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои олии Ҳукумати кишварамон гардад!

Бигзор бо ҳузури мубораки Соли нави мелодӣ ба зиндагии Шумо – устодони арҷманд ва донишҷӯёни азиз барору комёбиҳои нав ба нав ворид гардида, роҳи фардоятонро чароғи меҳру муҳаббат ва садоқати ҳамешагӣ мунаввару рӯшан нигоҳ дорад.

Соли нав муборак!

Бо эҳтиром, ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ