ИШТИРОКИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БУЗУРГДОШТИ АЛИШЕР НАВОӢ»
Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Бузургдошти Алишер Навоӣ» баргузор гардид.

Конференсия дар ҳошияи эълон гардидани Соли бузургдошти Навоӣ дар вилояти Навоӣ баргузор гардида, дар панҷ бахш ҷараён гирифт. Дар ин ҳамоиш 5 нафар профессорону дотсентони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод, Муътабар Шарипова, Бахтиёр Файзуллоев, Фирӯза Қаюмова ва Нуъмонҷон Негматов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки маводи конфронс дар се ҷилд интишор гардида, мақолаҳои донишмандон ва муҳаққиқон аз кишварҳоиТоҷикистон, Ӯзбекистон, Россия, Ҷопон, Амрико, Эрон, Туркия, Қирғизистон, Афғонистон ва дигар кишварҳо дар он ҷой дода шудааст.
Зикр гардид, ки минбаъд низ дар доираи шартномаҳои дуҷониба ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил