Иштироки устодони донишгоҳ дар Форуми байналмилалӣ
Омӯзгорони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дар Форуми байналмилалӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Вятский шаҳри Кирови Федератсияи Русия ташкил гардид, иштирок намуданд.
Форуми мазкур таҳти унвони “Психологическое благополучие и социальная успешность личности в условиях современных вызовов” ба тариқи онлайн баргузор гардид.
Ҳадаф аз ташкили форум музокираву баррасии муаммоҳои назариявӣ ва амалии некӯаҳволии психологӣ ва муваффақии шахсият унвон гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи чорабиниҳои ташкилии Форум мастер-класс ташкил гардид. Мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ, дотсент Зайтметов Ҳусеён мастер-классро тариқи онлайн таҳти унвони “Некӯаҳволии психологии шахсияти равоншиносони оянда” бо иштироки донишҷӯён манзур намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил