ИШТИРОКИ УСТОДОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии педагогии Ҷиззах ба номи Абдулло Қодирии Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами филология: равишҳои эҷодӣ дар таълим ва усулҳои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардида, ба баррасии масъалаҳои мубрами соҳаҳои филология, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим бахшида шуд.
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ аз МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Маҳмудзода Гузал дар кори конференсия ба таври маҷозӣ иштирок намуда, дар суханронии худ доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ, густариши робитаҳои академӣ ва рушди лоиҳаҳои муштараки илмӣ маълумот пешниҳод кард.
Инчунин дар ҷаласаҳои сексионӣ як қатор устодони донишгоҳ, ки мақолаҳои илмии худро ба конфронс ирсол намуда буданд, ба таври маҷозӣ маърӯзаҳои худро ироа намуданд. Дар маърӯзаҳо масъалаҳои гуногуни илми филология, аз ҷумла таҳқиқи адабиёти миллӣ, равандҳои забоншиносии муқоисавӣ, инчунин истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маркази иттилоот ва студияи “Фурӯғ”