​ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар Донишгоҳи Зармеди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 13 то 17 апрели соли 2026 Форуми байналмилалии донишҷӯён таҳти унвони «Платформаи таҳсилот, рушди донишҷӯён ва муколамаи байнифарҳангӣ» баргузор гардид.

Дар доираи форуми мазкур Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯён низ ташкил карда шуд, ки дар он 7 нафар донишҷӯи Донишгоҳ аз рӯи фанҳои математика, барномасозии технологияҳои иттилоотӣ, психология, забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа, 2 нафар донишҷӯи Донишгоҳ Абдухолиқов Ҳуснидддин – донишҷӯи курси 3 факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ аз рӯйи номинатсияи барномасозии технологияҳои иттилоотӣ ва Раҳматова Себфора – донишҷӯи курси 3 факултети филологияи рус аз рӯи номинатсияи забони русӣ миёни 70 иштирокчӣ сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.

Ҳамзамон, дар доираи сафар ба шаҳри Самарқанд намояндагони Донишгоҳ аз мавзеъҳои таърихии шаҳр дидан намуда, ҷаҳонбинӣ ва донишу малакаҳои фарҳангии худро ғанӣ гардониданд.

Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили малакаҳои касбӣ ва густариши робитаҳои байналмилалии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Маркази иттилоот ва студияи "Фурӯғ"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ