​Иштирок дар конфронси ҳисоботии лоиҳаи ERASMUS + DECIDE дар Ӯзбекистон

Санаи 24 то 28–уми октябри соли 2022 дар Донишкадаи иқтисод ва хизматрасонии Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси ниҳоӣ – ҳисоботии лоиҳаи ERASMUS + DECIDE ташкил ва баргузор гардид, ки дар он намояндагони донишгоҳ Истамқулов Ҷамшед – ҳамоҳангсозӣ лоиҳа дар донишгоҳ ва ҳамоҳангсози миллӣ дар Тоҷкиистон ва Мирсаминова Гузалхон – мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ин лоиҳа ҳамоҳангсози миллӣ маҳсуб ёфта, бинобар ин яке аз аъзоёни калидии лоиҳа ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ ҳамасола дар озмуни ташкилоти Иттиҳоди Аврупо Барномаи ERASMUS + фаъолона ширкат варзида, беҳтарин донишгоҳ дар ҷодаи татбиқи (22 лоиҳа) лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо дар кишвар маҳсуб ёфт.

Тибқи иттилои Ҷамшед Истамқулов ҳамоҳангсози лоиҳаи ERASMUS + DECIDE, сармутахасиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ лоиҳаи ERASMUS + DECIDE дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Трансилванияи Брашови Руминия ва якқатор донишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ доир ба “Беҳтаргардонии хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд” ба рӯи кор омада, расман моҳи декабри соли 2018 оғоз ёфта, то охири соли 2022 идома меёбад.

Ҳамзамон, дар ҷараёни рафти конфронс Истамқуов доир ба фаъолияти иҷрои лоиҳа дар донишгоҳ ибрози андеша намуда, зикр дошт, ки дар давоми чор сол якқатор корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст, ки аз қабили таъсиси “Марказӣ машваратӣ – ислоҳӣ ва таҳсилоти фарогири ERASMUS + DECIDE” дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси донишгоҳ муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир, таҳияи ҳашт барномаи таълимии муштарак барои донишҷӯёни имконияташон маҳдуд, се маротиба татбиқи таҷрибавии (пилотӣ) ду барномаи таълимӣ дар донишоҳ, таҳияи як монография, як дастури таълимӣ (луғати нусхоншиносӣ) ва ду маҷмӯ мақолаҳо аз ҷонби гурӯҳи кории лоиҳа, ки фарогирӣ зиёда аз 60 мақолаҳову фишурдаҳои мутахасисони соҳа, ҳамасола ташкил ва баргузории “Рӯзи огоҳии миллӣ оид ба шахсони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон”, сафарбар намудани аъзоёни гурӯҳи корӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва қабули онҳо ба донишгоҳ дар чорабиниҳои гуногун ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки аъзоёни гурӯҳи кории лоиҳа дар вохӯриҳои маъмуриву ҳамоҳангсозӣ, семинар – омӯзишҳои махсугардонидашудаи Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал–Форобӣ (моҳи феврали 2019), Донишгоҳи техникии Дрездени Олмон (моҳи марти соли 2019), Донишкадаи технологии Лимерики Ирландия (моҳи августи соли 2019), Донишгоҳи Миддлсекси Англия (моҳи ноябри соли 2019), Донишгоҳи Брошови Руминия (моҳи марти соли 2022)ширкат варзидан ва аз таҷрибаи бойи ин муассисаҳо бархудор гардиданд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ҷаласаимазкур намояндагони донишгоҳҳои ҳамкор аз Иттиҳоди Аврупо аз қабили Донишгоҳи Критаи Юнон, Донишкадаи Технологии Лимерки Ирландия, Донишгоҳи Трансилванияи Брашови Руминия ва Донишгоҳи техникии Дрездени Олмон, инчунин намояндагони чор муассиса аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва панҷ муассиса аз Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзиданд.

Дар интиҳо даҳ донишгоҳи ҳамкор, ки минбаъд истифодабарандагони ONLINE – PLATFORM – и ERASMUS + DECIDEмебошанд, шартномаи ҳамкориро байни марказҳо ба имзо расонидаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ