Истиқлолият ва ташаккули сохтори давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон

Таърихи 30-солаи Истиқлолияти давлатӣ собит менамояд, ки дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар 21-уми майи соли 2021 гуфта буд: “Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушахассро амалӣ намуд.

Мо ҷавононро нерӯи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем”.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо ибрози андеша намуда, аз ҷумла қайд карда аст: “Қобили зикри махсус аст, ки Тоҷикистони мо тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин тибқи маълумоти оморӣ зиёда 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлкати ҷавонон ба ҳисоб меравад”.

Бо назардошти ин, дар Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар муқаррар шудааст.

Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо роҳи васеъ кушоданд.

Ташаккул ва муайянсозии роҳу равиши минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавонон баъди Иҷлосияи XVI таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Сарвари Тоҷикистони соҳибистиқлол Эмомалӣ Раҳмон 2 феврали соли 1993 бо ҷавонон мулоқот намуд. Он вақт оташи ҷанг ҳанӯз хомӯш нагардида, дар баъзе ноҳияҳо садои тиру туфанг ба гӯш мерасид. Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нутқи пурмазмуни барномавии худро чунин оғоз намуда буд: “Имрӯз дар ин толор ман аз чеҳраи кушоди шумо гармии чеҳраи ҷавонони ҷумҳуриро эҳсос мекунам. Мақсад доштам қаблан бо падарону пирони барнодили рӯзгордида мулоқоте доир намоям, чунки онҳо зиндагиву ҳастии худро барои обод намудани ҷумҳурӣ сарф кардаанд. Аммо ҷавонии шумо ақидаамро дигар кард, маро водор сохт, ки аввал бо шумоён вохӯрӣ намоям.

Мехоҳам, ки дар ин сӯҳбати рӯёрӯй андешаҳои худро иброз дошта, ҳадафҳоямро фаҳмонам. Дар ин толор ҷавонони ҳастанд, ки барои пешравии ҷомеаи мо маслиҳату пешниҳоди муфид медиҳанд”.

Эмомалӣ Раҳмон 4-уми сентябри соли 1993 дар ҷамъомади Шўрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷи­кистон, 17-уми марти соли 1994 дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ширкат варзида, ҷавононро вазифадор кард, ки манфиати халқу давлатро нисбат баҳадафҳои рўзмарраи гурўҳҳо, ҳизбҳо ва созмонҳои алоҳида болотар гузоранд ва чун як тан барои ягонагии Тоҷикистон, осоиш ва некўаҳволии халқ саъю талош намоянд.

“Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад”, – таъкид карда буд роҳбари мамлакат.

Бори нахуст дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии ҷавонон ба таври возеҳ муайян карда шудааст.

Воқеаи фаромўшнашавандаи таърихии ҳаракати сиёсии ҷавонон – мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23-уми майи соли 1997 буд.

Ин мулоқот ба даврае рост омад, ки раванди расидан ба оштии миллӣ ба фарҷоми мантиқии худ расида буд. Ҷараёни нобоварию мухолифат бар марҳилаи ҳамкорӣ дар роҳи бунёди давлати демократии Тоҷикистон табдил ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи бунёдкорӣ ворид сохтани ҷавононро яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор овардааст. Ӯ ҷавононро қувваи бузурги бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол меҳисобад. Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватанпарастӣ, муносибати эҳтиромона ба гузаштаи таърихӣ таваҷҷӯҳи махсус дода ҷавононро таъкид менамояд, ки аз фаъолияти қаҳрамононаи насли калонсол ибрат гиранд. “Вақте ки ҷавононро барои бунёди роҳи оҳани Термиз-Душанбе, азхудкунии заминҳои Вахш, каналҳои калони Фарғонаю Ҳисор, роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, сохтмонҳои азиме чун нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак ва ғайра сафарбар карданд, онҳо бо фидокорӣ ва қаҳрамонии беназири худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштанд”.

Бо мақсади амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» Эмомалӣ Раҳмон 23-уми майи соли 1997 фармонро «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» имзо намуд. Тибқи фармон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки масъалаи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намояд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми майи соли 1997 дар бораи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард.

Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бошад шуъбаи сиёсати ҷавонон ба фаъолият шурўъ кард.

Таъсис ёфтани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили сиёсати давлатии ҷавонон оғоз гардидани марҳилаи нав буд.

Бо имзорасии Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи муҳими тақдир­соз шурўъ шуд ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти сохторҳои давлатӣ баҳри татбиқи сулҳ, ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани обрўи байналхалқии кишварамон кўшишҳои арзандаю назаррас ба харҷ доданд.

Самти дигари сиёсати ҷавонон дастгирии соҳибистеъ­додҳои ҷавон мебошад. Баҳри дастгирии онҳо 26-уми феврали соли 1998 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо», 20-уми марти соли 1998 «Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд» ба тасвиб расид.

16-уми майи соли 1998 мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаво­нони лаёқатманд баргузор гардида, рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» баъди танаффуси тўлонӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Омили муҳими марҳилаи мазкур ба корҳои роҳбари­кунанда пешбарӣ кардани ҷавонон буд.

Тавассути Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлис­ҳои маҳаллии вакилони халқ» намояндагони арзандаи ҷавонон сазовори мандати вакилӣ гаштанд.

Аз ҷумла Тоҷиниссо Маҳмадова, Мирзодавлат Одинаев, Абдуманнон Холиқов, Давлатаҳмад Саидов, Лайлӣ Бобоева, Ёқубҷон Исмоилов, Раъно Самиева вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Санавбар Хоҷаева, Қосимҷон Қосимов, Рашид Мирзоев, Ҳамидулло Алишеров узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси Олии кишвар 23 май «Рўзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда шуд.

Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13-уми марти соли 1992) дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи­кистон таҳаввулоти иҷтимоию сиёсӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ гузаронида шуд. Бо мақсади ба танзим даровардани муноси­батҳои нави ҷамъиятӣ, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина қувватгирии сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани фазои мусоидаткунандаи меъё­рию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон зарурати даровардани тағйиротҳо ба Қонуни асосии ҷавонон ба миён омад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми марти соли 2004 бо истифодабарӣ аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. 9-уми июни соли 2004 дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул гардид.

8-уми июли соли 2004 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ҷонибдорӣ кард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ дар маҷмўъ 840 миллион сомонӣ равона кардааст.

Тағйиру иловаҳои ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-юми майи соли 2016) воридшуда барои фаъолияти ҷавонон майдони боз ҳам фарох кушода, ҷиҳати иштирок дар идоракунии давлат ва интихоб ба мақоми роҳбарии шохаҳои ҳокимият заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҳамзамон як қатор имкониятҳои конститутсионии ҷавонон дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 12), иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат (моддаи 27), меҳнат (моддаи 35), истироҳат (моддаи 37) ҳифзи саломатӣ (моддаи 38) иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа (моддаи 40), таҳсил моддаи (41) ва монанди инҳо амалӣ гардида истодаанд.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии масъалаҳои ҷавонон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳат, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита оид ба оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон ташкил карда шудааст.

Инчунин дар Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон амал мекунад.

Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (27-уми майи соли 2016) саҳифаи зарринро дар таърихи ҳаракати ҷавонони кишвар ибтидо гузошт.

Сарвари давлати тоҷикон, Раиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ стратегияи нави ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон бо таври возеҳу равшан муайян ва чунин иброз намудааст: "Имрӯз масъалаҳои зиёди ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори кишвар, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерӯгоҳҳои хурду бузург, сохтмони садҳо иншооти иҷтимоӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва дигар корҳои шоиставу созанда ҷавонони моро интизоранд.

Барои амалӣ гардидани ин корҳои бузург аз ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тақозо мегардад.

Умед дорем, ки ҷавонони мо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо мебароянд ва минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа содиқона хизмат намоянд».

Саҳифаи навро дар ҳаёти ҷавонони мамлакат пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-уми декабри соли 2016) боз намуд, ки дар он омадааст: “Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.

Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд”. [9]

Соли 2017-ро барҳақ метавон дар асл Соли ҷавонон, таҷлили 25-умин солгарди ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон ва 20-умин солгарди фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон номид. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид.

Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон доир ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид. “Бо назардошти саҳми ҷавонон, - таъкид менамояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии мамлакат мо соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон карда будем, ки ба таҳкими бештари нақши ҷавонон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои онҳо мусоидат намуд.

Ин иқдом татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва фазои кору фаъолияти онҳоро дар муҳимтарин самтҳои ҳаёти ҷомеа, алалхусус, сиёсат, иқтисод ва фарҳанг тавсеа бахшид”.

21 майи соли 2021 мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар баргузор гардид. Сарвари давлати тоҷикон дар ин мулоқот ба мавқеи ҷавонон аз ҷумла қайд намуд: “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”.

Ҷавобан ба талошҳои пайгирона ва ҳамвора бо ҷавонон будани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, насли ҷавони кишвар, бахусус ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатмандро мебояд тамоми нерӯ ва тавоноии хешро баҳри рушди устувори Ватани хеш – Тоҷикистон, татбиқи босамари дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, пос доштани таъриху тамаддун ва арзишҳои миллӣ, дастовардҳои давраи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллию суботу осудагии ҷомеа равона карда, зимнан, ба наслҳои дигар онҳоро мерос гузоранд.

Қобилов З.З. - муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ