Истиқлолият ва сиёсати забон дар Тоҷикистон
Дар факултети забонҳои хориҷӣ таҳти унвони "Истиқлолият ва сиёсати забон дар Тоҷикистон" семинари илмӣ доир гардид.
Семинарро декани факултет профессор Абдуллоева Меҳриниссо ифтитоҳ бахшида, дар бораи дастовардҳои замони истиқлол ибрози назар намуд.
Дар идома устодони донишгоҳ - Абдуқодиров, Шарипов ва Ваҳҳобов маърӯзаҳо ироа намуда, оид ба роҳи тоҷикон дар самти расидан ба мустақилият, ба даст овардани суботи сиёсӣ, рушди илму маориф дар замони истиқлол таъкид намуданд.
Ҳамзамон, дар мавриди таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ давоми 33 соли истиқлол андешаҳо шунида шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил