​Истиқлол – дастоварди олӣ

Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултетҳои донишгоҳ як қатор чорабиниҳо доир гардид. Аз ҷумла, дар факулети забонҳои хориҷӣ таҳти унвони "Истиқлолият ва сиёсати забон дар Тоҷикистон" семинари илмӣ, бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ дар мавзуи “Истиқлолият – ояндаи миллат” мулоқот, бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика дар мавзуи “Истиқлолият пойдевори давлат” мизи мудаввар ва дар дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ перомуни “Истиқлолияти давлатӣ – омили ширини зиндагӣ ва сабзидани орзуҳо” чорабинӣ сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид. Марҳалаи нав дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт. Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мо аст, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ