​Истиқбол аз Наврӯз: аз чорабинии тантанавӣ то озмуну маҳфилҳои илмиву адабӣ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамасола аз Наврӯзи байналмилал бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мекунанд. Имсол низ ин ҷашни аҷдодӣ дар тамоми сохторҳои донишгоҳ бо як шаҳомати баланд ва мутантан истиқбол гардид.

Бо мақсади дар сатҳи арзанда пешвоз гирифтани Наврӯз то имрӯз наздик 100 адад номгӯйи чорабиниҳои гуногунӣ адабӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва илмӣ доир гардиданд.

Аз ҷумла, ба ин муносибат дар тамоми факултетҳо ва сохторҳои донишгоҳ конфронсҳои илмӣ, чорабиниҳои тантанавии фарҳангӣ, озмунҳои ҷашнӣ дар мисоли “Маликаи Наврӯзӣ”, “Беҳтарин Хаймаи Наврӯзӣ”, “Дастархони Наврӯзӣ”, семинарҳои омӯзишӣ, олимпиадаҳои гуногунсатҳ, мусобиқаҳои варзишии волейбол ва футбол маҳфилҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, мулоқоту вохӯриҳои идона бо иштироки занони фаъолу барӯманди вилоят баргузор гардиданд.

Дар маҷмуъ, шуруъ аз оғози моҳи март то имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Наврӯзи Аҷам беш аз 100 номгӯи чорабиниҳо доир гардида, идома доранд, ки далел аз таваҷҷуҳу арҷгузорӣ ба ҷашни аҷдодӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ