​ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ: ИМКОНИЯТҲОИ БАРНОМАИ PLICKERS

Бо мақсади ворид ва истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ (компютер, интернет, барномаҳо ва платформаҳои таълимӣ) дар раванди таълим, дар факултети таърих ва ҳуқуқ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим. Имкониятҳои барномаи Plickers» баргузор гардид.

Конференсияро декани факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсент Латифӣ Гулсара ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки масъалаҳои рушди соҳаи маориф, гузариш ба иқтисоди рақамӣ, густариши технологияҳои иттилоотӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, ҳамчун омили асосии пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд. Таъкид гардид, ки дар шароити татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ва эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» масъулияти аҳли илм ва маориф ҷиҳати татбиқи дастовардҳои илмӣ ва ҳамқадамӣ бо пешрафти технологӣ дучанд мегардад.

Сипас, мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатика, дотсент Инобатҷон Икромова зимни баромади худ иброз дошт, ки ҳадафи асосии рақамикунонии соҳаи таълим баланд бардоштани сифати таҳсил, осон намудани дастрасӣ ба иттилоот ва захираҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи замони муосир мебошад.

Дар идомаи конференсия муаллимаи кафедраи мазкур Гулноза Каримова дар мавзӯи «Истифодабарии технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим. Имкониятҳои барномаи Plickers» маърӯза намуда, қайд кард, ки дар шароити рақамикунонӣ вазифаи омӯзгор пеш аз ҳама дар ташкил ва таъмини рушди босамари малакаҳои умумитаълимӣ, инкишофи фаъолияти зеҳнии донишҷӯён ва ташаккули қобилияти онҳо барои фаъолияти иттилоотӣ-омӯзишӣ бо истифода аз технологияҳои муосир зоҳир мегардад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барномаи Plickers ҳамчун яке аз воситаҳои муосир ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки робитаи зич ва самаранокро бо донишҷӯён таъмин намуда, раванди пурсиш ва арзёбии донишро ба таври интерактивӣ ва шаффоф ба роҳ монанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки баргузории чунин конференсияҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, назорати дурусти азхудкунии дониш ва ҳавасманд намудани донишҷӯён ба омӯзиши фанҳо мусоидат менамояд. Истифодаи барномаҳои рақамӣ инчунин имкон медиҳад, ки вақт сарфа гардида, сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ба таври дақиқ ва шаффоф муайян карда шавад.

Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ