​Истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим

Дирӯз семинари илмӣ-методии кафедраи таълими таърих ва ҳуқуқ бахшида ба “Ҳафтаи илм” баргузор гардид.

Шафоат Ҳошимова - мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, дотсент ба кори семенар оғоз бахшид. Мавсуф қайд кард, ки бунёди ҷомеаи демократӣ тақозо мекунад, ки мактабҳои олии замони муосир дар ташаккули шахсиятҳои озодандеш, эҷодкор ва созанда саҳмгузор бошад. Ин гуна шахсиятҳо ҳамон вақт тарбия меёбанд, ки дар мазмуни таҳсилот ва шаклу усулҳои таълим дигаргуниҳои сифат ба амал ояд ва таълим дар асоси намунаи нави муносибатҳо аз ҷумла муносибати фаъолу созанда ба роҳ монда шавад. Баъдан дотсент Абдурасул Ҳомидов дар мавзуи “Технологияи инноватсионӣ ва истифодаи он дар омўзонидани таълими таърих ва ҳуқуқ” маърӯза намуда, афзуд, ки пешрафти технологияи имрӯза омӯзгорро водор менамояд, ки баҳри баланд бардоштани салоҳияти касбии худ кӯшиш намояд. Зеро мутахассиси варзида бе душворӣ омода намешавад. Ҳар як мутахассиси ҷавон барои инкишоф додани касби худ кӯшиш намояд.

Дар охир устодони кафедра оиди муаммоҳои методикаи таълим дар мактабҳои олӣ мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ