Истифодаи методи интерактивӣ дар доираи дарси кушод
Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ аз фанни “Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография” дарси кушод доир гардид. Ин ташаббус аз ҷониби сармуаллимаи кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография Сидиқова Раъно ба роҳ монда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод ба мавзӯи “Сохтори демографии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таъсири сохтори демографӣ ба шаклгирии захираҳои меҳнатӣ” бахшида шуда, бо ҷалби донишҷӯёни курси якуми ихтисоси амнияти компютерӣ сурат гирифт.
Дар дарси кушод намояндаи шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва масъулини факултету кафедра иштирок намуданд.
Омӯзгор дар ҷараёни дарс аз муаррифинома (слайд), методи интерактивӣ ва салоҳиятнокӣ самаранок истифоданамуд
Донишҷӯён дар рафти дарси кушод фаъолона иштирок намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлилээ