​Инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ дар раванди таҷрибаомӯзии таълимӣ

Дар факултети забонҳои шарқ конференсияи ифтитоҳии таҷрибаомӯзии таълимӣ бо иштироки донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси арабӣ-англисӣ баргузор гардид. Мудири кафедра дотсент М.Анварова қайд кард, ки таҷрибаомӯзии таълимии мазкур барои донишҷӯён хеле муҳим буда, дар инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии онҳо нацши муассир мегузорад. Гуфта шуд, ки мақсад аз гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва роҳбаладон бомаҳорат мебошад.

Дар интиҳо миёни таҷрибаомӯзон ва устодон вобаста ба раванди гузаронидани таҷрибаомӯзӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба донишҷӯён рӯзномаи таҷрибаомӯзии таълимӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ