Иҷлосияи таърихӣ ва ташаккули давлатдории навин
Санаи 15 ноябри соли равон бо ташаббуси донишҷӯён – таҷрибаомӯзони факултети таърих ва ҳуқуқдар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ноҳияи Б.Ғафуров чорабинии илмӣ – адабӣ ташкил ва баргузор гардид.
Чорабиниро дотсент Ҷ.Исомитдинов ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки расидан ба чунин неъмати пурбаҳо барои мардуми шарифи Тоҷикистони азизи саодати беназири таърих аст. Сипас, донишҷӯи курси 5 факултети таърих ва ҳуқуқ, таҷрибаомӯз Содиқов С. дар мавзӯи “Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ва ташаккули давлатдории навин” маърӯза ироа намуд.
Дар идома аз ҷониби толибилмони муассисаа шеъру суруд дар васфи Ватан, Модар, Пешвои миллат ва Тоҷикистон суруда шуда, ба чорабини шукӯҳу шаҳомати хоса зам намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил