ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА ҲУВИЯТИ ТОҶИКӢ
Таҳти чунин унвон дар толори раёсати Донишгоҳ дар ҳошияи андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Ман аввал тоҷикам баъд мусалмон» ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо иштироки устодону донишҷӯён конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Нахуст ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин конференсияро ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки ифтихори миллӣ ва ҳувияти тоҷикӣ мафҳумҳое мебошанд, ки пояи ҳастии ҷомеа ва нақши таърихии халқи тоҷикро муайян намуда, дар замони ҷаҳонишавӣ ва вусъати идеологияҳои бегона, дуруст муайян кардани ҷойгоҳи ин ду арзиш ва муътадил нигаҳ доштани ин ду пояи шинохти инсон барои ҳифзи ҳастии миллат зарурати таърихӣ аст.
Гуфта шуд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ буд, ки имрӯз миллати тоҷик дар баробари эҳёи анъанаву арзишҳои миллӣ бо иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат фарҳангу таърихи беш аз 6 ҳазор солаи худро ба ҷаҳониён бо ифтихор муаррифӣ менамояд.
Баъдан намояндагони Прокуратураи вилояти Суғд Назир Абдураҳимзода, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Давлатманд Холов, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маҳмудҷон Толибзода ба сухан баромада, ба масъалаҳои шароити муосири авҷгирии бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ, ҳассосу муташанниҷ шудани вазъи сиёсии ҷаҳон, амният ва рушди давлати соҳибистиқлоламон – Тоҷикистон таваҳҳуҷ зоҳир намуда, гуфтори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон»-ро дорои мазмуни амиқи фалсафӣ-таърихӣ ва арзишу аҳаммияти баланди сиёсӣ арзёбӣ карданд.
Дар бахши илмии конференсия дотсент Ислом Раҳимов дар мавзуи «Тоҷик будан ифтихор аст» ва профессор Нуралӣ Нуров дар мавзуи «Тарғиби фарҳанги зиндагии тоҷикона ва ҳувияти тоҷикӣ дар адабиёти миллӣ» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Бояд зикр намуд, ки меҳмонон ва иштирокчиёни конференсия дар даромадгоҳи бинои раёсат аз намоиши китобӣ, дастовардҳои Донишгоҳ ва корҳои эҷодии донишҷӯён дидан намуданд.
Кори бахшҳои конференсия санаи 11-уми декабр дар факултетҳои иқтисодӣ, физика ва техника, таърих ва ҳуқуқ идома хоҳад ёфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил