​Идомаи таҳсил – роҳ сӯйи музаффарият

Устодони кафедраи назария ва амалияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ бо муҳассилини як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуданд. Ҳадаф аз ин ташаббус мусаллаҳ намудани хонандагон бо маълумоти марбут ба интихоби касбҳо ва идомаи таҳсил дар риштаи бакалавр ва магистратура унвон мешавад.

Чунин мулоқот да мактабҳои №11, 20, 21, 22, 62 воқеъ дар Ҷамоати Ғозиён ба роҳ монда шуд. Дар доираи суҳбат ба иштирокчиён оид ба номгӯйи ихтисос, шароити таҳсил ва имкониятҳои мусоиди таълим дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода шуд.

Ҳамзамон, дар идома бо хонандагон суолу ҷавоб сурат гирифта, посухҳои муфассал манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ