​Идомаи давраи аввали озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат»

Дар толори китобхонаи факултети психология байни омӯзгорони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ давраи аввали озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ташкил ва гузаронида шуд.

Аъзои ҳакамон бо пешниҳоди саволҳо тибқи низомнома ба донишу малакаи омӯзгорон баҳогузорӣ карда, дар натиҷа муаллими кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ Исмоилов Азизмуҳаммад сазовори ҷойи аввал, Моҳира Шарипова, Абдуллоева Азиза - муаллимони кафедраҳои умумидонишгоҳии фарҳаншиносӣ сазовори ҷойи дуюм ва сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Ҳаётулло Аюбов зинаи сеюмро ишғол намуда, ба даври дигари озмун роҳ ёфтанд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ