​Идомаи дарсҳои кушоди намунавӣ дар донишгоҳ

Дар кафедраи адабиёти рус ва хориҷаи факултети филолгияи рус бахшида ба 90 солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарси кушоди намунавӣ дар мавзуи “Драматургия А.С. Пушкина” аз тарафи ассистенти кафедра М.Зарипова бо гурӯҳи 302б гузаронида шуд. Дар дарср муовинони декан, ҳайати устодон таҳти сарварии мудири кафедра ширкат варзиданд.

Омӯзгор дар раванди машғулият аз аёниятҳо, аз қабили тахтаи электронӣ, муаррифиномаҳо, аз асарҳои суханвари номвар ҳамчун маводи аёнӣ ва адабиёти иловагӣ фаровон истофода намуд. Устод тавонист дар давоми як соати дарсӣ мазмун ва мундариҷаи мавзуъро ба донишҷӯён кушода диҳад.

Ҳамчунин дар раванди машғулият доири мавзуи баррасишаванда машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуда, бо истифода аз аёниятҳо ва слайдҳои ҷолиб ба восита нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба тарзи дурусти муошират ба донишҷӯён фаҳмонда шуд.

Ҳадафи баргузории дарсҳои кушод дар донишгоҳ баланд бардоштани сифати таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ