​Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ


Таҳти чунин унвон бо ташабусси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаи биологии АМИТ, дар Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А.Рўдакӣ конференсияи IХ-уми байналмилалии бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон баргузор гардид. Дар конференсия самтҳои зерини илмӣ дар ҷаласаҳо мавриди муҳокима ва баррасии қарор гирифтанд.

Хусусиятҳои экологии гуногунии биологии наботот;

Хусусиятҳои экологии гуногунии биологии ҳайвонот;

Экосистемаҳо ва маҳсулнокии биологии онҳо дар шароити тағйирёбии иғлим;

Гуногунии агробиологӣ, масъалаҳои амнияти биологӣ ва бехатарии озуғаворӣ;

Ҳифзи намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ ғарордоштаи наботот ва ҳайвонот;

Истифодаи устувор ва идоракунии захираҳои биологӣ.

Дар кори конференсия зиёда аз 100 нафар олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои илмӣ ва кишоварзӣ, мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Тибқи барнома академикҳо Х.Х.Хисориев, А.С.Фелалиев, узви вобастаи АМИТ А.Абдуллоев, А.С.Саидов ва доктори илмҳои биологӣ, профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Т.К.Хабилов бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ баромад намуданд.

Конференсия аз рӯи 5 бахши идома ёфта, олимон натиҷаи тадқикотҳои илмии-амалии худро пешниҳод ва муҳокима карданд.

Устодони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров доктори илмҳои биологӣ Ш.Р.Мирзобаходурова, номзади илмҳои биологӣ Д.Э.Тоҷибоева ва олимони ҷавон Ш.М.Мирсабуров ва А.Давлатов дар кори бахшҳо фаъолона иштирок намуда, бо маърўзаҳои илмӣбаромад карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ