​Хусусиятҳои асосии забон ва услуби маводи WEB-рӯзноманигорӣ

Донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси WEB-рӯзноманигорӣ хусусиятҳои асосии забон ва услуби маводи WEB-рӯзноманигориро аз худ намуданд. Махсусият ва талаботи маводи мазкур дар доираи фанни "Забон ва услуби маводи WEB-рӯзноманигорӣ" барои донишҷӯён шарҳ дода шуд.

Сармуаллимаи кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавӣ Шаҳноза Зарипова ба донишҷӯён мавзуъро фаҳмонида, шеваҳои муосири таҳия намудани маводи WEB-рӯзноманигориро шарҳ дод.

Дар доираи дарс донишҷӯён бо вижагиҳои забон ва услуби сомонаи донишгоҳ шинос шуда, чанд маводи сомонаро баррасӣ ва мавриди омӯзиш қарор доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ