​ХУШХАБАР: ҒОЛИБИЯТ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки таҳти таваҷҷуҳ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба яке аз муҳимтарин чорабиниҳои фарҳангии кишвар табдил ёфтааст. Ҳадафи асосии озмун муаррифии фарҳангу ҳунари миллӣ, эҳёи анъанаҳои асили санъати тоҷик, арҷгузорӣ ба мероси пурғановати ниёгон ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мебошад.

Дар доираи баргузории даври шаҳрии озмун мудири бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иброҳимов Муҳаммадҷон дар номинатсияи сарояндагии жанри анъанавӣ миёни иштирокчиёни синни аз 18 то 35-сола сазовори ҷойи аввал гардид.

Раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ин дастоварди арзишмандро ба Иброҳимов Муҳаммадҷон самимона табрик гуфта, дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун ва фаъолияти эҷодии ӯ фатҳи қуллаҳои нави ҳунарӣ ва комёбиҳои пайвастаро орзу менамоянд.

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ