​Худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон

Дар факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кафедраи забони англисӣ таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси он дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа” мулоқот доир гардид. Мулоқоти мазкур бо иштироки гурӯҳи кории факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, номзади илмҳои филологӣ, подполковники милитсия Аҳмадзода Мухбирахон Аҳмад дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ ва дарки дурусти ҳисси ватандӯстӣ”,муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, подполковники милитсия Олимӣ Ҳоҷинисо Абдусаломзода таҳти унвони “Соли маърифати ҳуқуқӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ”, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти калони милитсия Давлатзода Наргиз Давлат перомуни “Коррупция –нежелательное явление общества” маърӯза намуданд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки зиракии сиёсӣ ҷавҳари асосии нерӯи давлатдорию давлатсозӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Роҳи давлатдорию давлатсозӣ пур аз монеъаҳои сарпечида, хатарҳои сиёсӣ, бозиҳои сиёсӣ, мухолифати сиёсии пӯшида, таҳаввулоти ногаҳонӣ, сӯиқасдҳо ва мушкилотҳои дигар аст” – зикр гардид зимни мулоқот.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ