Ховаршиносии муосир ва дурнамои рушди он
Имрӯз дар толори раёсати Донишгоҳ ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Ховаршиносии муосир ва дурнамои рушди он: Масоили забоншиносӣ, матншиносӣ ва робитаҳои адабӣ” бахшида ба70 солагии ходими калони илмии Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровномзади илмҳои филологӣ, дотсент Нурулло Ғиёсов, 45 солагии фаъолияти илмӣ-эҷодӣ ва 25-солагии фаъолияти факултети забонҳои шарқ бо иштироки олимону ховаршиносон баргузор гардид.
Дар кори конференсиямуовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Фирдавс,Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, доктори илмҳои филологӣ, ходими калони илмии институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳ профессор Матлубаи Мирзоюнус, номзади илмҳои таърих, ходими калони илмии институти шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Русия Мишин Дмитрий Евгеневич, Давлатов Раҳматкарим – директори Маркази мероси хаттии назди АМИТ, Холов Аълохуҷа Сайнозимович – мудири кафедраи забон ва адабиёти арабии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Зиёев Субҳиддин Насриевич – мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, Қосимов Олимҷон Ҳабибович – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забоншиносӣ ва рӯзноманигорӣ Мамадназаров Абдусалом – профессори кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, Сайфиддин Назарзода – мудири шуъбаи фарњангнигорї ва истилоњоти Институти забон ва адабиётиба номи Рӯдакии АМИТ ва ҳайати устодону донишҷӯён ширкат намуданд.
Сарвари донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб ба кори ҳамоиш оғоз бахшида афзуд, ки Шинохти арзишҳои миллӣ, маърифати сармояҳои маънавӣ, ки дар таърихи тамаддуни инсонӣ намояндагони бузурги илму адабиёт ва фарҳанги тоҷикон аз худ ба мерос гузоштаанд, яке аз муҳимтарин тамоюлҳои таҳқиқоти пажуҳишгарони риштаҳои филологӣ, ховаршиносӣ, таъриху ҷомеашиносии кишвари мо дар замони истиқлоли миллӣ ба шумор меояд, ки аз барномаҳои бузурги давлатӣ, ба вежа дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Маҳз, дар замони истиқлоли миллӣ дар меҳвари сиёсати маънавибунёди Пешвои муаззами миллат қарор гирифтани масоиле чун худҷуиву худшиносии миллӣ, эҳёи падидаҳои нодири фарҳангӣ, руҷуъ ба асолату хештаншиносӣ омил гардид, ки масъалаҳое чун омӯзиши мероси бузурги ниёкони шарафманди мо, сарчашмаҳои нодири хаттӣ, таҳқиқ ва тарғиби ин мероси бузург авлавият касб намуда, барои расидан бар ин ҳадафҳои наҷиби давлатдории миллӣ дар канори фаъолияти институтҳои бузурги илмӣ-тадқиқотӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти босамари факултетҳои филологӣ ва шарқшиносӣ дар макотиби олӣ, барои таъсиси марокизи нави илмӣ, пажуҳишгоҳҳо дар назди донишгоҳҳои олӣ иқдомоти зарурӣ аз сар гирифта шуда, доираи фаъолияти бахшҳои тахассусии ховаршиносӣ дар ин муассисаҳои олии таълимӣ вусъати бештар касб кунад.
Таъкид рафт, ки бо ҳадафи пайгирӣ аз ин ҳадафҳои наҷиб соли 1998 дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси собиқ ректор, доктори илмҳои таърих, профессор Сайдулло Абдуллоев Маркази пажуҳиши тамаддуни Сомониён таъсис ёфт, ки дар он гуруҳи бузурги донишмандони риштаҳои филологияи тоҷик ва ховаршиносӣ дар ҳайати академик Носирҷон Салимӣ, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, профессорон Абдулманнони Насриддин,Абдуҷамол Ҳасанзода, дотсентон Нурулло Ғиёсов, Неъматулло Ҷураев ва Абдумавлон Самеев фароҳам омада, ба таҳияву нашри манобеи муҳими адабиву таърихӣ, ҷуғрофӣ, таҳқиқи таъриху фарҳанг ва адабиёти аҳди Сомониён машғул гардиданд. Танҳо бо гузашти як сол аз ин рӯйдоди муҳим ва бо такя бар неруҳои бузургии илмии донишгоҳ дар самти ховаршиносӣ шуъбаи забонҳои шарқ дар назди факултети филогияи тоҷик таъсис ёфт, ки баъдан ба факултети алоҳида табдил гардид. Маҷмуи ин ибтикорот, пеш аз ҳама, ба он равона шуд, ки масъалаи тасҳеҳу нашр, омӯзишу таҳқиқи сарчашмаҳои нодири куҳани тоисломӣ, манобеи арабӣ, таърихномаву девонҳо, осори муҳими бузургони гузаштаи мо марҳила ба марҳила равнақ касб намояд.
Ҳамин тавр, дар ҷараёни фаъолияти бештар аз даҳсолаи хеш дар ин Марказ пажуҳиши мероси ниёгон ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид, ки ҳосили он рӯи кор омадани “Донишномаи Сомониён” дар ду муҷаллад мебошад. Самараи кори муаллифони асосии ин асари муҳташам, Носирҷон Салимӣ, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанзода, дотсентон Нурулло Ғиёсов ба Ҷоизаи байналмилалииАнҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”, Бунёди Рӯдакии Фаронса ва бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ тақдир гардид.
Дар факултети забонҳои Шарқ низ барои омода намудани муҳаққиқону мутахассисони соҳа тадбирҳои амалӣ андешида шуд ва минбаъд аз ҳисоби хатмкунандагони он сафи муҳаққиқони соҳа, таҳиягарон ва мутарҷимонимутуни форсиву арабӣ афзун гардиданд. Дар ин росто, саҳми номзади илмҳои филологӣ, дотсент Нурулло Ғиёсов ҳам дар ҷодаи фаъолияти босамар дар кори тасҳеҳу таҳияи мутун, таҳқиқи мероси адабиву таърихӣ дар Маркази пажуҳиши тамаддуни Сомониён ва дар самти тарбияи кадрҳои ҷавони соҳибунвон дар факултети забонҳои Шарқ қобили таъкид аст. Ҳамчунин доир ба пажуҳиш ва заҳматҳои бештар аз 45 солаи олими забоншинос, муҳаққиқи варзида, тарҷумон ва матншиноси номвар номзади илмҳои филологӣ, дотсент Нурулло Ғиёсов иброз газар карда шуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ маърӯза намуда, иброз дошт, ки Истиқлоли миллӣ барои рушди тамоми соҳаҳои илми кишвар, аз ҷумла филологияи шарқ заминаи муассир гузошт. Зикр шуд, ки дар як муддати кутоҳ дар заминаи таҳқиқи масоли мубрами ховаршиносӣ, хоса арабшиносӣ, равобити ададбии Арабу Аҷам осори фаровоне рӯи нашр омаданд ва саҳми олимону донишмандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дар ин замина басо назаррас мебошад. Дар идома Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Фирдавс қайд намуд, ки илми ховаршиносии кишвари мо дар баробари тамоюлњои дигари улуми филологї, љомеашиносї, инсонї даврони шоистаи хешро паси сар менамояд, ки дар ин замина сањми олимони «Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров» хеле назаррас мебошад.
Баъдан Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона перомуни фаъолияти доманадори устод Нурулло Ғиёсов андешаронӣ намуданд. Ҳамчунин профессор Матлубаи Мирзоюнус дар мавзуи “Арзишҳои адабии «Туҳфат-ул-хонӣ»-и Муҳаммадвафои Карминагӣ” ва донишмандони шарқшиноси кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Русия, Нигерия, Ҳинд, Ӯзбекистон ба тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) ба кори конференсия ширкат ва маърӯза намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия бештар аз 160 маърӯза аз кишварҳои мухталифи олам ворид шудаанд.
Дар кори бахшҳо маърӯзаҳо ба тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) низ шунида шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил