ХОВАР// Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмоишгоҳи муосири тиббӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 03.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил дар факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмоишгоҳи муосири тиббӣ ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.
Озмоишгоҳ дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бунёд шуда, ба таъмини шароити мусоид дар самти татбиқи амалии донишҳои назарии донишҷӯён равона шудааст.
Озмоишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тибби муосир» дар назди кафедраи электроникаи факултети физикаю техника таъсис дода шуда, фаъолияти он ба тайёр намудани мутахассисони лаёқатманди муҳандисӣ-техникӣ муосидат мекунад. Он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, дар доираи фаъолияти он донишҷӯён корҳои таъмир, васл ва фаъол намудани таҷҳизоти муосири тиббиро меомӯзанд.