​Хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ абадист

Таҳти унвони “Хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ абадист” дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ чорабинӣ доир гардид.

Дар доираи ин ташаббус донишҷӯёни гурӯҳи 103 ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиосии амалӣ баромад намуда, дар бораи қаҳрамонии халқи тоҷик дар самти таъмини Ғалаба маърӯза намуданд.

Ҳамзамон,, қироати шеъру гуфтор, суруд дар иҷрои донишҷӯён, намоиши саҳнаҳои тарбиявӣ ба чорабинӣ мазмуни баландтар эҳдо намуд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳар яки мо вазифадорем тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани азизамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем” – зикр гардид дар чорабинӣ.

Таъкид гардид, ки далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати шӯравӣ аз чанголи фашистони хунхор раҳоӣ ёфтанд. Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст.

Чунин чорабинӣ бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа низ дар хобгоҳи №9 доир шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ