Хониши сиёсӣ: «Варзиш-гарави саломатӣ ва зиндагии зебо»

Дар факултетҳои донишгоҳ аз ҷониби садорати факултетҳо дар мавзуи «Варзиш-гарави саломатӣ ва зиндагии зебо» пеш аз оғози машғулиятҳои таълимӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарзи ҳаёти солимро ҳамеша талқин менамоянд, аз он ҷумла таъкид доштаанд, ки варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкимисаломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсонва инъикоскунандаи симои халқу миллатдар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе пеш аз машғулиятҳои таълимӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон, пешгирӣ аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракҳои иртиҷоӣ, огоҳ намудани вазъи сиёсии сайёра дар тамоми факултетҳои донишгоҳ хониши сиёсӣ баргузор мешавад.
Дар хониши сиёсӣ устодони соҳибтаҷриба, олимон ва донишҷӯёни лаёқатманд доир ба мавзуъҳои тасдиқгардида маърӯзаҳо ироа мекунанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил