​Хониши сиёсӣ: Таҳкими маърифати ҳуқуқӣ

Ин ҳафта хониши сиёсӣ дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ба муносибати эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бахшида шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом дар хониши сиёсии факултети геоэкология ва туризм иштирок намуда, доир ба аҳамияти эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, зарурияти таҳкими дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус донишҷӯён ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин дар роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд маҳсуб ёфта, ҳамчун воситаи ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, махсусан дар партави муаррифии аҳолӣ бо арзишҳои нави ҳуқуқӣ аҳамияти хосса пайдо менамояд.

Гуфта шуд, ки эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” иқдоми судманди Пешвои муаззами миллат аст, зеро давлат ҳамон вақт пеш меравад, ки мардумаш соҳибмаърифат, аз ҷумла соҳиби маърифати комили ҳуқуқӣ бошад.

Ин мавзуъ дар факултети филологияи тоҷик бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Бахтиёр Маҳмудзода ва мудири шуъбаи тарбия Хайёмиддин Исмоилов низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки хониши сиёсӣ ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар тамоми факултетҳои донишгоҳ доир мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ