​Хониши сиёсӣ: “Парчами давлатӣ-рамзи давлатдории миллӣ”

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн дар мавзуи “Парчами давлатӣ-рамзи давлатдории миллӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид. Ташаббуси мазкурро кафедраи технология ва методикаи таълими он роҳандозӣ намуданд.

Мудири кафедра дотсент Дадобоева дар бораи таърихи қабули Парчами давлатӣ ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки 24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид

Гуфта шуд, ки Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Дар идома аз тарафи донишҷӯён низ дар мавзуи мазкур маърӯзаву гуфтор шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ