​Хониши сиёсӣ: «Оилаи солим – ҷомеаи солим»

Дар факултетҳои донишгоҳ дар мавзуи «Оилаи солим – ҷомеаи солим» хониши сиёсӣ доир гардид.

Таъкид гардид, ки асоси ҷомеаи солимро оилаи солим ва насли солим ташкил медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиларо дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамҷун ниҳоди муқаддас унвон намудаанд, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбанд.

Гуфта шуд, ки оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои миллии тоҷикӣ ба фарҳанг ва маърифати ин миллати куҳанбунёд асос ёфтаанд.

Маврид ба таъкид аст, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе пеш аз машғулиятҳои таълимӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон, пешгирӣ аз шомил шудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар тамоми факултетҳои донишгоҳ хониши сиёсӣ баргузор карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ