Хониши сиёсӣ: мубориза бо бемории ВНМО

Дар факултетҳои Донишгоҳ дар доираи рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) хониши сиёсӣ доир шуд. Ташаббускори чораабинии мазкур шуъбаи тарбия маҳсуб мешавад.

Дар доираи хониши сиёсӣ аз ҷониби омӯзгорон перомуни мавзуъҳои «Пешгирии бемори ВНМО» ва «Сабабҳои бемории ВНМО» маърӯзаҳо шунида шуд.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбия Маҳмудзода Бахтиёр аҳамият ва зарурияти эълон шудани рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО-ро шарҳ дода, аз иқдомҳои донишгоҳ ҷиҳати мубориза бо бемориҳои гуногун ибрози назар намуд.

Гуфта шуд, ки ташкили чунин тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии донишҷӯён мусоидат хоҳад намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар доираи рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО як қатор чорабиниҳо идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ