​Хониши сиёсӣ: “Маърифати ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ”

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн дар доираи хониши сиёсӣ масоили марбут ба таҳкими маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Маърифати баланди ҳуқуқӣ - ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва риоя намудани қонунро дар назар дорад. Шахсе, ки дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бошад бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ набуда, балки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ дошта, ҷомеа ба тарбияи ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он бешубҳа аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад”- гуфта шуд зимни хониши сиёсӣ.

Ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён унвон шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ