​Хониши сиёсӣ: “Иҷлосия – рӯйдоди сарнавиштсоз”

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн таҳти унвони «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хониши сиёсӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ сардори Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ, дотсент Ҳодибоев Фаридун иштирок намуда, дар бораи аҳаммияти ин рӯйдоди сарнавиштсоз суханронӣ кард. Ӯ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун воқеаи муҳим дар таърихи миллат арзёбӣ карда, онро асоси муҳими субот ва ваҳдати миллӣ унвон намуд.

Ҳодибоев Фаридун таъкид намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳ ва суботи сиёсӣ нақши калидӣ бозидааст. Ӯ дар бораи хизматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, саҳми Роҳбари олии кишварро дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ таъкид намуд.

Таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дар давраи ҳассоси муноқишаҳои дохилӣ ва вазъияти душвори сиёсиву иҷтимоӣ баргузор гардида, ба истиқрори сулҳ ва таъмини суботи кишвар замина гузошт.

“Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистоняк нуқтаи гардишӣ дар таърихи Тоҷикистон гардид, зеро дар он қарорҳое қабул шуданд, ки ба барқарории низоми давлатдорӣ, ҳамоҳангии сиёсӣ ва таъмини сулҳ мусоидат намуданд. Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои Иҷлосия ин интихоби фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ ва сарвари давлат буд” – зикр шуд зимни хониши сиёсӣ.

Дар идома аз ҷониби донишҷӯёни гуруҳи 302 доир ба мавзуи “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон” маърӯзаҳо ироа шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ